Длительность: 2:52
Просмотров: 603
Уникальных 14
Добавлено: 21. 11. 2019
Пользователь:
Описание
Дарвоз. Саѓирдашт. Ободонї. 19.11.19.
Сархат: Рушди дењот дар солњои истиќлолияти ватанамон ру ба тараќи нињода зиндагии мардумї дењот хубтару бехтар гардидаистодааст. Дар љамоати дењотї Саѓирдашти ноњияи Дарвоз чандин иншоотњои муњими замонавї сохта шуда, бархе сохтмонашон дар арафаи анљомёбист.
Гузориши њамкоронамон аз Дарвоз:
Дв- овоз:
Бо эълон гардидани солњои "Рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї" дар кишвар зиндагии сокинони дењоти дурдасти ноњияи Дарвоз њам комилан дигаргун гаштааст.
Дар марказї љамоъати дењоти Саѓирдашти ноњияи мазкур бо дастгирии Њукумати ЉТ сохтмони мактаб барои 640 нафар хонанда дар назар аст, ки дорои толори варзишї барои 700 нафар мебошад. Ин мактаб бояд то 30 -солагии Истиќлолияти давлатии ЉТ ба истифода дода шавад.
Ба љуз ин бо дасгирии дирексияи сохтмонии дасггоњи Президенти ЧТ дар дењаи Камчак сохтмони мактаб барои 80- нафар хонанда, дар арафаи анљомёби мебошад.
Синхрон: Айюбова Муњайё- омузгор.
Дар дењаи Куњкак ва Кулумбаи Боло низ мактаби тањсилоти умумї аз нав ба тариќи замонавї таъмир гардида пурра ба истифода дода шудаанд.
Роњњои маркази дењаи Сайдон бо кумак ва сарпарастии мардони саховатпеша њамвор ва бо кумму рег таъмир гардида, роњи иловагї кушода шудаст,ки рафту омади мардуми мањалиро осон менамояд. Дар дењаи Кулумбаи поён бо сарпарастии марди саховатпеша Саймиддин Абдурахмонов пули мошингузар аз болои руди Сариоб сохта ба истифода дода шуд,ки рафту омади сокинони мањалиро ба маркази љамоат ва ноњия осон гардонид.
Дар рузњои љашнњои идњои давлати дар маркази Чамоати дењотї Саѓирдашт бо сарпарастии сармоягузорони ватанию хориљи њамоми замонавї бо тамоми шароитњои имруза мутобиќ ба истифода дода шуд,ки он аз маѓоза, кошонаи њусн, сартарошхона иборат буда дар он зиёда аз 10-11 нафар сокинони мањали бо љои кори доими ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Дар се дењоти љамоати Саѓирдашт бо кумаки марди саховатпеша Сайдхуља Шарипов обхона кушода шуд,ки мардуми махалиро бо оби тозаи ошомидани ва полези таъмин менамоянд. Дар марказї љамоати дењоти Саѓирдашт бо сарпарастии ин марди саховатманд новахо ќубурхои обгузар аз нав пурра иваз гардида маври истифода дода шудаанд.
Дар маљмуъ дар солхои истиклолият љамоати дењоти Саѓирдашт рушт намуда мардум зиндагии ороиму осуда дошта бањри ободии ватани азизамон кору зиндаги доранд.
М. Асозода.