Длительность: 3:09
Просмотров: 278
Уникальных 3
Добавлено: 21. 10. 2019
Пользователь:
Описание
Корхонаи давлатии фаръи - обтаъминкунї ва канализатсияи шахри Бохтар солхои 60-уми асри гузашта ба истифода дода шудааст, ки он замон шахр бо номи Кургонтеппа машхур буду хамагї 30 хазор ахолї дошт.Њоло бошад дар шахри Бохтар зиёда аз 110 хазор ахоли умр ба сар мебарад.Вале то ханўз таљхизоти обтаъминкунї ва системаи канализатсияи мазкур иваз ва таъмир нагардида, имрўз ин корхона аз таъмири пурраи ахолї бо оби нўшокї баромада наметавонад.Рохбарияти корхона бо бахонахои мухталиф дар љойи кор набуданд ва аз сухбат бо мо худдорї карданд.
Ин хам дар холест, ки маблаѓи солонаи корхонаи мазкур 12-13 млн сомониро ташкил дода, корхона бо 142- 143 ташкилоту муассисахои будчавї, 591 корхона ва ташкилотхои ѓайри будљавї ва 622- муштарї шартномаи таъмин намудани обро дорад. Вале мутассифона об то ошёнахои якуму дуюми хонахои баландошёна ворид гардида, дигар муштариёне, ки дар ошёнахои баландтар истиќомат мекунанд ба оби ошомидани дастрасии комил надорад. Ба ѓайр аз он оилахое, ки худ бо насосхои обкашї обро ба хонахояшон интикол медиханд. Аммо масъулин мегўянд, ки обро пурра ташхису безарар мегардонанду аз фаъолияташон то ханўз муштарие шикоят накардааст. Ё онхо аз ин казия бехабар мондаанд ва ё дигар муштариён хукукашонро худ поймол мекунанд.
Бо матлаби мазкур мо умедворем, ки ин казия зудтар халли худро меёбад ва сокиноне, ки моро барои пайгирии ин мавзўъ даъват намуданд дар кўтохтарин фурсат бо об таъмин мегарданд. Зеро бе об зиндагї нест!
М. Асозода. 2019.