НАРГИС ВА НЕКРЗ ЯК НАМУНАИ ОНФИДОИИ ЗАНИ ТОИК

Длительность: 0:55 Просмотров: 1 174 Уникальных 5 Добавлено: 19. 11. 2017 Пользователь:
Описание Наргис 13 сол пеш Некрӯзро дар ҳаштмоҳагиаш, вақте модари дар хонаи онҳо иҷорашинаш партофту фирор кард, ба тарбияи худ гирифт. Ба хотири ин кӯдак Наргис то синни 35-солагиаш ҳатто шавҳар накард, зеро шарташ ба ҳамаи хостгорон ин буд, ки Некрӯз бояд бо ӯ бимонад.



Сокини маҳаллаи Ҳаёти Нави пойтахт, Салимова Наргис 13 сол пештар тифли ҳаштмоҳаро, ки модари бераҳмаш иҷоранишини хонаашон буд ва тифлашро партофта гурехта рафт, ба фарзандӣ гирифту бо азобу машаққати зиёд калон кард.

Дар ин миён танҳо як маротиба, вақте Некрӯз алакай чорсола шуда буд, Наргис модари гурезаро дар як тӯй дида гуфт, ки ман духтари ҷавонаму бояд шавҳар кунам ва агар модар буданатро эхсос куни,биё, Некрӯзро бубар. Вале ин модари дилсахт рӯирост гуфт, ки ба ӯ асло писари партофтааш даркор нест. Наргис гуфт, ки агар чунин бошад, ӯро мисли писарам калон кардаам, пас забонхат навис. Ҳамин тавр Некрӯз дар ин хонадони бобои Нурулло қатори дигар фарзандону набераҳо писари худӣ шуд. Наргис Некрӯзро то имрӯз мисли писари калониаш нигоҳубин мекунад.

Шавҳараш ҳам зидди ин писараки ятим чизе нагуфта ӯро таҳти сарпарастии худ гирифтааст. Харчанд онҳо имрӯз дар хонаи модари Наргис маскан гирифта, аз беманзилӣ азоб дошта бошанд ҳам, Некрӯз худро хушбахт эҳсос мекунад ва мегӯяд, Наргис мисли модари ҳақиқӣ рафтор мекунад. Некрӯз аз ҷойи дарстаёркунии мусоид надоштанаш гоҳо ғамгин мешавад.
Категории: Жесть